Август 16, 2017 21:17 Asia/Dushanbe
  • Ташаккури Арабистон аз хадамоти дармонии Эрон ба зоирони хонаи Худо

Мақоми аршади беҳдошт ва дармони Арабистон дар дидори раис ва муовини маркази пизишкии ҳаҷҷу зиёрати ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон аз хидматрасонии ин марказ ба зоирон қадрдонӣ кард.

Ба нақл аз Ирно, Абдулҳамид Алсаҳбӣ, раиси беҳдошт ва дармони Арабистон дар дидори Саидалии Маръашӣ, раиси маркази пизишкии ҳаҷҷу зиёрати Ҳилоли аҳмар ва Пирҳусайни Куливанд, мудири амалиёти пизишкии ҳаҷҷи Эрон, аз хадамоти пизишкии Ҳилоли Аҳмари Эрон ба зоирон изҳори хушнудӣ карду гуфт: Арабистон ҳамвора аз ин фаъолиятҳо ва хадамот истиқбол мекунад .

Вай афзуд: Хадамоти дармонии Ҳилоли Аҳмари ҷумҳурии исломии Эрон, бори зиёдеро аз души Вазорати беҳдошти Арабистон бармедорад .

Ҳошим Алнафис, раиси бозрасии беҳдоштӣ ва дармонии Вазорати беҳдошти Арабистон низ дар ин дидор пас аз боздид аз фаъолияти бемористони Ҳилоли Аҳмари Эрон дар Мадина гуфт: Роҳандозии ин бемористон дар замони андак, нишон аз таҷрубаи болои Эрон дар роҳандозии бемористонҳо ва марокизи дармонии Ҳилоли  Аҳмар дорад .

Вай омодагии Риёзро барои ҳамкориҳои бештар бо марокизи дармонӣ ва бемористони Ҳилоли Аҳмари Эрон дар Арабистон эълом кард .

Саидалии Маръашӣ, раиси маркази пизишкии ҳаҷҷу зиёрати Ҳилоли Аҳмари Эрон ҳам дар ин дидор бо ишора ба собиқаи беш аз 50 солаи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон дар фаъолияти пизишкӣ дар маросими ҳаҷ гуфт: Теҳрон омодагӣ дорад, то таҷрубаҳои худро дар ин замина ба кишварҳои исломӣ мунтақил кунад.

Дар маносики ҳаҷҷи имсол, 86 ҳазору 500 зоири эронӣ ширкат мекунанд ва эъзоми зоирони эронии хонаи Худо аз 30 июл оғоз шудааст .

 

Барчасп