Лағви раводид байни Арманистон ва Эрон иҷроӣ шуд
Август 13, 2016 20:32 Asia/Dushanbe
Эрон ва Арманистон бо иҷрои тавофуқи имзо шуда, имкони сафари мутақобили шаҳрвандони ду кишварро бидуни раводид фароҳам карданд.
Ба гузориши ИРНА, сафорати Эрон дар Арманистон эълом кард, бо таваҷҷуҳ ба иҷроӣ шудани ёддошти тафоҳум байни Теҳрон ва Ераван, аз ин пас шаҳрвандони эронӣ ва арманистонӣ барои сафар ба кишвари муқобил ниёз ба раводид надоранд.
Бо иҷрои ин тавофуқ, имкони афзоиши ҳамкориҳои гардишгарӣ, рафту омади осони бозаргонон, иртиқои сатҳи равобити иқтисодӣ ва ҳамчунин сармоягузорӣ байни ду кишвар фароҳам хоҳад шуд.
Эрон бо лағви раводид байни Эрон ва Арманистон ба шарти амали мутақобили давлати Арманистон мувофиқат кардааст.
Барчасп