Август 19, 2017 16:12 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Бузургтарин иқтисоди хориҷ аз Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат

Раиси Конфедератсияи содироти Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон, бузургтарин иқтисоди хориҷ аз Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (WTO) аст.

Муҳаммади Лоҳутӣ, раиси Конфедератсияи содироти Эрон рӯзи шанбе бо баёни инки бояд бо тавофуқномаҳои тарҷеҳӣ (афзалиятнок) бо кишварҳои тарафи тиҷорӣ бо Эрон, ҳамаи шариконро аз таърифаи тиҷорӣ баҳраманд кард, изҳор кард, барқарории таърифаи тиҷорати тарҷеҳӣ байни кишварҳо, ки маъмулан бо коҳиши таърифаи воридот ва ҳуқуқи гумрукӣ ҳамроҳ аст, ба густариши мубодилоти тиҷорӣ ва равнақи иқтисодӣ кӯмак мекунад.

Лоҳутӣ афзуд, замоне Амрико ба далели мушкилоти сиёсӣ бо Чин, бо ҳузури Пекин дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат мухолифат мекард, аммо Чин бо имзои тавофуқнома таърифаи тиҷорӣ бо ҳамаи шарикони худ, ин монеъро кам асар кард ва Амрико ҳам маҷбӯр шуд бо ҳузури Чин дар ин созмон мувофиқат кунад.

Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (World Trade Organization‎), аз ибтидои соли 1995 барои мудирияти муносиботи тиҷорати чанд ҷонибаи байналмилалӣ ҷойгузини Мувофиқатномаи умумии таърифа ва тиҷорат шуд.

Дар ҳоли ҳозир 154 кишвари ҷаҳон ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат даромадаанд ва кишварҳое низ дар ҳоли тай кардани фароянди илҳоқ ҳастанд.

Эрон акнун ба узвияти нозири Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат даромада ва ба думболи омодасозии фароянди музокирот аст. Русия охирин кишваре буда, ки ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат пайвастааст.

 

Барчасп