Рушди 468-миллиондолларии содироти маҳсулоти нафту кимиёи Эрон
(last modified Sun, 20 Aug 2017 13:35:38 GMT )
Август 20, 2017 18:35 Asia/Dushanbe
  • Рушди 468-миллиондолларии содироти маҳсулоти нафту кимиёи Эрон

Содироти маҳсулоти нафту кимиёи Эрон дар чаҳор моҳи гузашта ба ҳафт миллиону 188 ҳазор тонна ва арзиши он ба беш аз се миллиарду 496 миллион доллар расид.

Мизони содироти маҳсулоти нафту кимиёи Эрон дар муддати мушобеҳи соли қабл (аз март то июли соли 2016) шаш миллиону 847 ҳазор тонна, баробар се миллиарду 28 миллион доллар буд. Зарфияти тавлиди маҳсулоти нафту кимиёи Эрон то авохири марти соли 2018 бо баҳрабардорӣ аз шаш тарҳи ҷадид ба 72 миллион тонна ва арзиши куллии фурӯши холиси ин маҳсулот низ ба 17 миллиард доллар афзоиш меёбад. Дар ҳоли ҳозир зарфияти тавлиди нафту кимиёи Эрон баробар ба 62 миллион тонна аст.