Август 21, 2017 14:26 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори Маҷмаи ҷаҳонии устодони мусулмони донишгоҳҳои ҷаҳон дар Машҳад

Маҷмаи ҷаҳонии устодони мусулмони донишгоҳҳои ҷаҳон бо ҳадафи ҳамандешӣ ва иттифоқи оро дар мафоҳими исломӣ оғоз ба кор кард.

Аббосалии Кадхудоӣ, сухангуи Шӯрои нигаҳбони ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи ифтитоҳи нахустин Маҷмаи ҷаҳонии ҷаҳонии устодони мусулмони донишгоҳҳои ҷаҳон дар Машҳад гуфт: Дар дунёи имрӯз, ки қироатҳои мутафовите аз ислом арза шуда, лозим аст, дар маҳофили илмӣ ва донишгоҳии мусулмон дар абъоди назарӣ ва фиқҳӣ ваҳдати равияӣ шакл гирад .

Кадхудоӣ, ки раёсати коргурӯҳи ҳуқуқ дар тамаддуни исломии ин маҷмаъ низ бар уҳдаи ӯст, афзуд: Шарти расидан ба тамаддуни навини исломӣ, эҷоди гуфтумоне воҳид бар мабно ва истидлоли қавии исломӣ аст, лизо ҳамандешии устодони мусулмони донишгоҳҳо ва тарвиҷи андеша ва тафаккури воҳид, ҳаракате муассир ва қобили иттико аст .

Суҳроби Салоҳӣ, дабири Маҷмаи ҷаҳонии устодони мусулмон низ дар ташреҳи фаъолияти ин маҷмаъ гуфт: Дар ин маҷмаъ, 15 коргурӯҳи тахассусӣ ба муддати се рӯз дар мавзуъҳои мухталиф бо меҳварияти баррасии роҳкорҳои расидан ба тамаддуни навини исломӣ, баҳсу табодули назар мекунанд .

Вай афзуд: Нухбагони зиёде дар маҳофили донишгоҳии мусулмон ҳастанд, ки дағдағаи иттиҳоди фикрӣ ва посух ба шубаҳотро доранд, лизо ин маҷмаъ илова бар табодули оро ва иттифоқи назар перомуни мабоҳис ва мушкилоти назарӣ, баҳрамандӣ аз тавонмандии ононро барои гуфтумонсозӣ ва табйини тамаддуни навини исломӣ пайгирӣ мекунад .