Август 22, 2017 10:03 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Муҳаммади Тақӣ (а)

Эрони исломӣ дар солрӯзи шаҳодати пешвои бузурги мусулмонон, ҳазрати имом Муҳаммади Тақӣ (а)-Ҷавод Алайима-дар сугу мотам аст.

Имрӯз сешанбе 29 зилқаъдаи соли 1438 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 22 августи 2017, солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Муҳаммади Тақӣ (а) аст .

Ҳазрати имом Муҳаммади Тақӣ (а) дар моҳи Рамазони соли 195 ҳиҷрии қамарӣ мутаваллид шуданд ва баъд аз шаҳодати падари бузургвораш ҳазрати имом Ризо (а), имомат ва раҳбарии мусулмононро уҳдадор шуданд.

Даврони зиндагӣ ва имомати имом Ҷавод (а), асри шукуфоии тамаддуни исломӣ ва ривоҷи андешаҳои эътиқодӣ ва фалсафии ҷаҳони ислом буд .

Баргузории ҷаласоти баҳсу мунозира бо донишмандони мазоҳиби мухталиф, омӯзишу таълим ва тарбияти мардум ва ҳамчунин ифшои сиёсатҳои зиддиинсонӣ ва зиддимардумии ҳокимони вақт, аз ҷумлаи фаъолиятҳои илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҳазрати имом Муҳаммади Тақӣ (а) буд .

Мардуми саросари Эрони исломӣ дар солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Муҳаммади Тақӣ (а), бо ҳузур дар масоҷид, ҳусайнияҳо ва ҳарамҳои мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо (а) дар Машҳад ва ҳазрати Маъсума (с) дар шаҳри муқаддаси Қум азодорӣ мекунанд .

Садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Муҳаммади Тақӣ (а)-ро ба мусулмонону озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд .