Август 22, 2017 15:58 Asia/Dushanbe
  • Муҳри тайиди Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бар хадамоти пизишкӣ дар Эрон

Намояндаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ World Health Organization дар Теҳрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон дар ироаи хадамоти аввалияи пизишкӣ ба беморон дар ҷамъи кишварҳои пешрафта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Самин Сиддиқ рӯзи сешанбе дар ҳошияи боздид аз барномаҳои пизишки хонаводаи шаҳрӣ ва низоми ирҷои донишгоҳи улуми пизишкии устони Бушиҳр (ҷануби Эрон) афзуд: Эрон дар иҷрои тарҳи таҳаввули саломат, корҳои бузурге аз ҷумла табдили марокизи беҳдоштӣ ба марокизи ҷомеи хадамот, афзоиши шумори нерӯи инсонӣ ва имконоту таҷҳизоти беҳдоштӣ анҷом додааст .

Сиддиқ афзуд: Созмони ҷаҳонии беҳдошт алоқаманд ба ҳамкорӣ бо Эрон барои пешбурди барномаҳои беҳдоштӣ ба вижа дар заминаи иҷрои низоми ирҷоъ аст .

Низоми ирҷоъ, навъе равиши ироаи хадамоти дармонӣ ва беҳдоштӣ аст, ки дар он беморон ибтидо ба пизишки хонавода муроҷиа мекунанд ва сипас дар сурати ниёз бино бар ташхиси пизишки хонавода, ба пизишкони мутахассис ирҷоъ дода мешаванд .

 

Барчасп