Мусулмонон, саромадони астрономия, пизишкӣ ва физика
(last modified Wed, 23 Aug 2017 11:27:18 GMT )
Август 23, 2017 16:27 Asia/Dushanbe
  • Мусулмонон, саромадони астрономия, пизишкӣ ва физика

Узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Мусулмонон нақши муҳиме дар тамаддуни башарӣ доранд ва дар бисёре аз улум аз ҷумла пизишкӣ, астрономия ва физика саромад будаанд.

Алиакбари Вилоятӣ, узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар ойини поёнии  “Нишасти  коргурӯҳҳои тахассусии Маҷмаи ҷаҳонии устодони мусулмони донишгоҳҳо” дар Машҳади Эрон гуфт: Иқдомҳои мусулмонон муқаддамаи бисёре аз ибдооти ғарб будааст ва бархилофи назари бархе аз шарқиҳо ва ғарбиҳо, ки мункири тамаддуни исломӣ ҳастанд, ҳар таърифе, ки аз тамаддун вуҷуд дорад, исломпарчамдори он аст.  

Узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон афзуд: Асоси ислом бар илму ақл устувор аст ва дар ҳар ҷомеае ислом равнақ ёфта, ба дунболи он фарҳангу тамаддун равнақ гирифтааст .

Вилоятӣ гуфт: Намунаи чунин ҷомеае, миллати Эрон аст, ки мустақил аз нуфузи бегонагон тавонистаанд дастовардҳои муҳими илмиро касб кунанд ва агар ҳамин таҷрубаҳо ба дигар кишварҳои исломӣ интиқол ёбад, шукуфоии тамаддуни исломиро ба ҳамроҳ хоҳад дошт .

Мушовири раҳбари инқилоби исломӣ таъкид кард: Бояд собиқаи тамаддуни исломиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, то ҳама бидонанд, мусулмонон ва шарқиҳо аз ғарбиҳо поинтар ва камтар нестанд .

Нишасти коргурӯҳҳои тахассусии Маҷмаи ҷаҳонии устодони мусулмони донишгоҳҳо, ки аз 21 август дар Машҳад оғоз шуда буд, рӯзи чаҳоршанбе ба кори худ поён дод .