Август 28, 2017 15:05 Asia/Dushanbe
  • Тими волейболи навҷавони Эрон қаҳрамони ҷаҳон шуд

Бозикунони тими волейболи зери 19 соли Эрон, дар дидори ниҳоии рақобатҳои қаҳрамонии навҷавонони ҷаҳон, тими Русияро шикаст доданд ва қаҳрамон ҷаҳон шуданд.

  Шомгоҳи якшанбе дар дидори поёнии ин рақобатҳо, ки дар шаҳри Рифои Баҳрайн баргузор шуд, тими миллии навҷавонони Эрон бо натиҷа се бар як бар тими қудратманди Русия пирӯз шуд ва қаҳрамони ҷаҳон шуд.

   Понздаҳумин давраи рақобатҳои волейболи зери 19 соли қаҳрамонии ҷаҳон 18 август ба мизбонии шаҳри Рифоъ дар кишвари Баҳрайн, оғоз ва рӯзи якшанбе 27 август бо қаҳрамонии тими Эрон ба поён расид.

   Тимҳои Русия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Миср, Чехия ва Бразилия низ ба тартиб дуввум то ҳаштум шуданд.