Сентябр 02, 2017 18:10 Asia/Dushanbe
  • Раиси маҷлиси Африқои Ҷанубӣ: Аз узвияти Эрон дар “БРИКС” ҳимоят мекунем

Раиси Маҷлиси Африқои Ҷанубӣ гуфт, Африқои Ҷанубӣ аз узвияти Эрон дар “БРИКС” ҳимоят мекунад.

Балека Мбете, раиси маҷлиси Африқои Ҷанубӣ пеш аз зӯҳри имрӯз дар нишасти хабарии муштарак бо Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ бо ишора ба нақши парлумонҳо ва равобити мардум бо мардум ва дипломосии парлумонӣ, гуфт, мо дар нишасте, ки бо раиси маҷлиси Эрон доштем бар дипломосии парлумонӣ таъкид кардем, зеро бар он мӯътақидем.

Вай афзуд, дар ин дидор дар робита бо сохтори парлумонҳо ва масоили марбут ба он, баҳсу табодули назар шуд.

Раиси маҷлиси Африқои Ҷанубӣ тасреҳ кард, нишастҳои парлумонӣ дар кишварҳои мухталиф баргузор мешавад, ки мӯътақидем бояд дар кишвари худ робитаи хубе бо атбоъ дошта бошем, то шоҳиди зиндагӣ хубе барои ҳамаи мардум бошем.

Мбете изофа кард, дар сафаре, ки раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ ба Теҳрон дошт, масъалаи илҳоқи Эрон ба “БРИКС” матраҳ шуд, ки мо ба унвони парлумони Африқои Ҷанубӣ аз илҳоқи Эрон ба “БРИКС” ҳимоят мекунем, зеро метавонад ба рушд ва тавсеаи ҳарчи бештари кишварҳои узви “БРИКС” бо узвияти Эрон итминон ҳосил кунем.

Вай идома дод, мо ба вусъат ва ҷамъияти 80 миллионии Эрон ошно ҳастем ва медонем, ки Эрон дастовардҳои муҳимме дар заминаи омӯзиш дошта ва мавқеияти роҳбурдӣ ва стратегии муҳимме низ дорад, ки мо хоҳони густариши равобит бо Эрон ҳастем.