Сентябр 06, 2017 19:00 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ‏таъкид кард, амнияти қораи Осиё, ба вижа нимҷазираи Корея ва минтақаи Ховари Миёна барои Эрон аҳамияти бисёр дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти ҳайати давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар муносиботи дунёи имрӯз бояд унсури таҳдид ҳазф гардад.

Вай гуфт, таҳдиди кишварҳое, ки ба силоҳи атомӣ даст ёфтаанд, бозии бисёр хатарноке барои кулли ҷаҳон аст ва мушкилотро бояд бо музокира ва гуфтугӯ ҳал кард.

Рӯҳонӣ афзуд, Вашингтон мураттабан Кореяи Шимолиро таҳдид мекунад ва ин кишвар ҳам дар муқобил бомбаҳои ҷадидеро озмоиш менамояд.

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин бо ишора ба мушкилоти мавҷуд дар дунёи Ислом гуфт, кишварҳои ҳамсояи ҷанубии Эрон набояд мудом аз Ғарб таслеҳот харидорӣ кунанд ва мусобиқоти таслеҳотӣ дар минтақа роҳ биандозанд, дар ҳоле ки қатъан ин силоҳҳо барои мубориза бо душмани аслӣ, яъне режими саҳюнистӣ нест.

 Вай бо таъкид бар зарурати ваҳдати шиаву суннӣ гуфт, дар Ироқ, Сурия, Лубнон ва Фаластин вақте шиаву суннӣ дар канори ҳам қарор мегиранд, бар душманон пирӯз мешаванд.

 

Барчасп