Баргузории ҷашнҳои милоди ҳазрати Имом Ризо (а)
(last modified Sun, 14 Aug 2016 08:27:54 GMT )
Август 14, 2016 13:27 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашнҳои милоди ҳазрати Имом Ризо (а)

Дар рӯзи милоди ҳазрати имом Ризо (а) ҷашнҳои рӯзи вилодати эшон дар Машҳади муқаддас саросари Эрони исломӣ ва низ дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе баргузор шуд

Имрӯз, якшанбе, ёздаҳуми зилқаъдаи соли 1437-и ҳиҷрии қамарӣ, 14 августи 2016-и милодӣ солрӯзи вилодати ҳазрати Имом Ризо (а), аз наберагони гиромии паёмбари Ислом (с) аст.

Ба муносибати ин рӯзи хуҷаста аз чанд рӯз қабл саросари шаҳри Машҳади муқаддас, дар шимолу шарқи Эрон, ки ҳарами мутаҳҳари он имоми гиромиро дар худ ҷой додааст, зинабандӣ ва чароғон аст ва мардум бо пахши шарбат ва ширинӣ ин рӯзи хуҷастаро гиромӣ медоранд.

Дар саросари Эрони исломӣ, бахусус дар шаҳрҳои Қуму Шероз, ки оромгоҳи хоҳару бародари ҳазрати Имом Ризо (а) дар ин ду шаҳр қарор дорад, низ маросими ҷашн барпо аст.

Дар сафоратҳои Эрон дар кишварҳои мухталиф низ дишаб ва имрӯз ба ҳамин муносибат маросими ҷашн баргузор шуд. Аз ҷумла, шаби гузашта дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон эрониёни муқим ва бархе мардуми маҳаллӣ ва низ шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон, милоди Имом Ризо (а)-ро дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ҷашн гирифтанд. Дар ибтидои маросими ҷашни милоди ҳазрати Имом Ризо (а), Иброҳими Худоёр, ройзани фарҳангии Эрон дар бораи фазоили он имоми бузургвор барои ҳозирон суханронӣ карда, сипас гурӯҳе аз навозандагони тоҷик ба иҷрои қитъаҳое дар мадҳи аҳли байти паёмбари Ислом (с) пардохтанд.

Пахши намоҳанги зебо бо садои устод Давлатманд Холов дар васфи ҳазрати Ризо (а) низ ҳолу ҳавои хосе ба ин ҷашн дод. Ҳамчунин дар ҳошияи ин маросим намоишгоҳи аксе аз ҳарами Имом Ризо (а) дар Машҳади муқаддас дар Эрон барпо шуд.