Сармурабии эронии тими миллии футсоли Миёнмор хостори лави қарордодаш шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i22729-Сармурабии_эронии_тими_миллии_футсоли_Миёнмор_хостори_лави_қарордодаш_шуд
Сармурабии эронии тими миллии футсоли Миёнмор хостори лави қарордодаш бо федератсиони футболи ин кишвар шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 07, 2017 16:35 Asia/Dushanbe
  • Сармурабии эронии тими миллии футсоли Миёнмор хостори лави қарордодаш шуд

Сармурабии эронии тими миллии футсоли Миёнмор хостори лави қарордодаш бо федератсиони футболи ин кишвар шуд.

Ризо Курдӣ, сармурабии собиқи тимҳои Ал Аҳлӣ, Ал Арабии Қатар, Ирами Киш, Перспулис аз чаҳор моҳ қабл сармурабии тимҳои миллии футсоли Миёнмор тамоми раддаҳои синӣ шуд ва ҳамчунин мудири фаннии тимҳои дараҷаи футболи ин кишвар буд, аммо акнун аз мақоми худ истеъфо кард.

Ин сармурабии эронӣ қарор буд, рӯзи ҷумъа роҳии Қатар шавад ва аз ин кишвар ба миёнмор сафар кунад, аммо ӯ бо ирсоли емайле ба Дабири кулли федератсиони ин кишвар эълом намуд, дар эътироз ба хушунат ва куштори мусулмонон дар Миёнмор ин сафарро лағв кардааст.