Сентябр 08, 2017 17:03 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии мардуми Эрон дар маҳкумияти куштори мусалмонон дар Миёнмор

Намозгузорон дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон пас аз иқомаи намози ҷумъа бо ширкат дар роҳпаймоӣ зимни маҳкум кардани ҷиноёту куштори мусалмонон дар Миёнмор ҳимояти худро аз онҳо эълом карданд.

Ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоӣ дар баёнияе сукути маҷомеи байналмилалӣ ва кишварҳои муддаии ҳуқуқи башарро дар қиболи куштори мусалмонон дар Миёнмор маҳкум карданд. Роҳпаймоён дар ин баёния хостори иқдоми амалии сарони кишварҳои исломӣ ва уламои ҷаҳони Ислом дар ҷилавгирӣ аз куштори мусалмонони бедифои Миёнмор шуданд. Мардуми Теҳрон дар ин баёния ҷиноёти ваҳшиёна алайҳи мусалмонони бедифои Миёнморро бахше аз сиёсатҳои истикбории ҷаҳонхорон дониста, ин ҷиноёти зиддибашариро ба шиддат маҳкум карданд.

Аз рӯзи ҷумъа, 25-уми август то кунун дар мавҷи ҷадиди ҳамалоти саркӯбгарона ва таҷовузкоронаи Артиши Миёнмор алайҳи мусалмонони Руҳингиё дар устони Рохин, ғарби ин кишвар 6 334 мусалмони руҳингиёӣ кушта ва 8 349 тани дигар захмӣ шудааст. Устони Рохин аз соли 2012 саҳнаи ҳамалоти Артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ алайҳи мусалмонони Руҳингиё аст. Як миллион мусалмони Руҳингиё аз доштани мақоми шаҳрвандӣ дар Миёнмор маҳрум ҳастанд.