Иди саиди Ғадири Хум муборак бод!
Расули гиромии Ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) дар рӯзи ҳаждаҳуми зилҳиҷҷаи соли даҳуми ҳиҷрии қамарӣ, ҳангоми бозгашт аз охирин сафари ҳаҷи худ ба амри Худованд ҳазрати Алиро ба унвони ҷонишини худ ба мардум муаррифӣ карданд. Ин иқдоми Паёмбари акрам (с) дар маконе ба номи Ғадири Хум, воқеъ дар сари роҳи Макка ба Мадина анҷом шуд.
Эшон пас аз он ки бар макони баланде қарор гирифтанд, хутбаеро қироат карданд ва дасти ҳазрати Алиро боло бурда, ба мардум фармуданд: «Ҳар касе, ки ман мавлои ӯ ҳастам, Алӣ ҳам мавлои ӯст. Худовандо, ҳар кӣ ӯро дӯст дорад, дӯст бидор ва ҳар киро, ки бо ӯ душманӣ мекунад, душман бидор». Пайғамбари Ислом (с) ҳамчунин дар мавриди Қуръон ва аҳли байти худ ба мардум супориш карда фармуданд: «Ин ду ҳеҷ гоҳ аз ҳам ҷудо намешаванд, то бар сари ҳавзи Кавсар дар қиёмат бар ман ворид шаванд».
Пас аз дастрас шудани ин фармони Худованд ба мардум ояи сеюми сураи “Моида” бар Паёмбари акрам (с) нозил шуд ва ба эшон башорат дод: «Имрӯз кофирон аз дини Шумо ноумед шуданд, пас аз онҳо натарсед ва аз ман битарсед, имрӯз дини Шуморо комил кардам ва неъматамро бар Шумо тамом кардам ва дини Исломро барои Шмо писандидам».
Радиои тоҷикии “Садои Хуросон” Иди фархундаи Ғадирро ба ҳама мусалмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.