Август 14, 2016 17:30 Asia/Dushanbe
  • Мавзеи Эрон дар хусуси гузориши Вазорати умури хориҷаи Амрико

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, иддаоҳои мундариҷ дар гузориши солонаи Вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи вазъияти озодии мазҳабӣ дар Эрон ғайривоқеӣ ва бар мабнои хусумат ва ғаразҳои сиёсӣ аст.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо радди иддаоҳои мундариҷ дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи Эрон таъкид кард: "Ҷумҳурии исломӣ бар мабнои қонуни асосӣ, ҳуқуқи ақаллиятҳои мазҳабиро ба расмият шинохта ва ҳамаи шаҳрвандони эронӣ бо бархурдорӣ аз ҳуқуқи аввалияи худ дар чорчӯби қавонин баробаранд".

Ба гузориши Идораи кулли дипломасии расонаии Вазорати умури хориҷа, Қосимӣ афзуд: "Дар гузоришҳои Созмони милали муттаҳид, ки ахиран интишор ёфтааст, дар бораи нақзи густардаи ҳуқуқи ақаллиятҳои мазҳабӣ дар Амрико, ба вижа мусулмонон низ нигарониҳое иброз шуда, ки лозим аст давлати Амрико ба ҷойи андарзи дигар кишварҳо, ба мавориди нақзи фоҳиши ҳуқуқи мусулмонони худ тавваҷуҳ кунад".

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: "Зарурӣ аст, давлати Амрико ба нақзи ҳуқуқи ақаллиятҳои мазҳабӣ, ба вижа мусулмонон хотима диҳад ва ба тааҳҳудоти ҳуқуқи башарии худ пойбандии ҷиддитаре нишон диҳад ва ҳамчунин ин кишвар бояд тадобире ҷиддӣ дар хусуси мамониат аз густариши исломҳаросӣ рӯйи даст гирад".

Қосимӣ гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳар гуна баҳрабардории сиёсӣ ба баҳонаи масъалаи ҳуқуқи башар дар хусуси кишварҳои мустақилро, ки дар чорчӯби манофеи сиёсии бархе қудратҳо анҷом мегирад, амре хилофи меъёри ҳуқуқи башар медонад ва онро маҳкум мекунад.

 

Барчасп