Эрон дар байни чаҳор кишвари бартари ҷаҳон дар тавоноии моҳвораӣ
Мушовири фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Эрон дар ҳамаи шохаҳои фаъолияти моҳвораӣ дар ҷамъи чаҳор кишвари бартари ҷаҳон аст .
Ба гузориши ИРНА, амири сартип Муҳаммадҳасани Номӣ афзуд, Эрон дар шохаҳои фаъолияти моҳвораӣ шомили истгоҳҳои партоб, болобарандаҳо, моҳвораҳову истгоҳҳои дарёфту контрол қудратманд амал мекунад.
Мушовири фармондеҳи кулли Артиши Эрон ҳамчунин ба пешрафтҳои Эрон дар заминаи сохти мушак ишораву таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз ба унвони як қудрати бартари минтақаӣ ба лиҳози геополитикӣ ва дар ҳавзаи сиёсӣ яке аз қудратҳои ҷаҳонӣ аст.
Ин мақоми баландпояи низомӣ таъкид кард, Эрон дар илми нано, молекуллӣ, пизишкӣ ва фазоӣ низ қудратманд будаву акнун дар марҳалае аст, ки дар масири сохти аъзои бадани инсон ҳаракат мекунад.