Сентябр 16, 2017 15:04 Asia/Dushanbe
  • Медали тилло бар гардани намояндаи Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии тирандозӣ

Намояндаи Эрон дар рақобатҳои инфиродии тирандозии Қаҳрамонии маълулони ҷаҳон дар Чин муваффақ ба касби медали тилло шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Заҳро Неъматӣ, намояндаи Эрон имрӯз дар дидори ниҳоии рақобатҳои инфиродии тирандозии Қаҳрамонии маълулони ҷаҳон, дар баробари намояндаи Туркия бо натиҷаи шаш бар ду ба бартарӣ расид ва унвони қаҳрамонӣ ва нишони тиллои ин мусобиқотро аз они худ кард.

 Ин варзишкор дорандаи медали тиллои Паролимпик- 2016 дар Рио ва Паролимпики 2012-и Лондон дар тирандозӣ бо камон аст.

Дар идомаи ин рақобатҳо низ тими Эрон, муташаккил аз Заҳро Неъматӣ ва Пуриё Ҷалолпур дар дидори раддабандӣ, тими Русияро бо натиҷаи шаш бар ду шикаст дод ва ба медали биринҷии ин рақобатҳо даст ёфт.

Рақобатҳои қаҳрамонии тирандозӣ бо камони маълулони ҷаҳон бо ҳузури 245 камондор аз 40 кишвари ҷаҳон, аз 13-уми сентябр дар Чин оғоз шуда ва фардо (якшанбе) бо муаррифии бартаринҳои ҷаҳон поён хоҳад ёфт.

 

Барчасп