Сентябр 16, 2017 19:18 Asia/Dushanbe
  • Сеюмин пирӯзии тими волейболи Эрон дар Ҷоми қаҳрамонони бузург

Тими миллии волейболи Эрон дар чаҳорумин мусобиқаи худ дар Рақобатҳои қаҳрамонони бузурги ҷаҳон, баробари Ҷопон қарор гирифт ва тавонист ҳарифи худро шикаст диҳад.

Тими миллии волейболи Эрон дар чаҳорумин мусобиқаи худ дар Рақобатҳои қаҳрамонони бузурги ҷаҳон, аз соати 14:45 имрӯз дар шаҳри Осака баробари Ҷопон, мизбони рақобатҳо қарор гирифт, ки ин мусобиқа бо натиҷа 3 бар як ва бо имтиёзҳои 25 бар 21, 19 бар 25, 20 бар 25 ва 14 бар 25 ба суди Эрон хотима пайдо кард.

Ба ин тартиб, тими миллии волейболи Эрон сеюмин пирӯзии худро ҳам касб кард, то танҳо як гоми дигар то касби нахустин сакуи ҷаҳонии худ фосила дошта бошад.

Тими миллии волейболи Эрон пеш аз ин мусобиқа тавониста буд, Италия ва Амрико, тимҳои дувум ва сеюми Олимпиро шикаст диҳад ва баробари Бразилия, қаҳрамони Олимпӣ ҳам натиҷаро вогузар кард.

Тими миллии волейболи Эрон дар охирин дидори худ фардо, ба масофи Фаронса, қаҳрамони Лигаи ҷаҳонии волейбол дар соли 2016 меравад.