Сентябр 17, 2017 12:51 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими компаунди бонувони Эрон дар рақобатҳои тирукамони маълулони ҷаҳон

Тими компаунд (таркибӣ)-и бонувони Эрон унвони нахусти рақобатҳои тирукамони қаҳрамонии маълулони ҷаҳон дар Пекини Чинро касб кард.

Ба гузориши ИСНА, тими таркибии бонувони Эрон дар дидори финал бо ғалаба бар тими Чин тавонист ба унвони қаҳрамони рақобатҳои тирукамони маълулони ҷаҳон даст пайдо кунад.

Тими таркибии мардони Эрон низ дар дидори финал бо шикасти муқобили тими Италия ба унвони ноиби қаҳрамонии рақобатҳои тирукмони маълулони ҷаҳон даст ёфт.

Намояндагони Эрон ҳамчунин дар рақобатҳои тимии “Микс –компаунд” низ тавонистанд нишони нуқраи ин рақобатҳоро аз они худ кунанд.

Тими Эрон дар рақобатҳои қаҳрамонии тирукамони маълулони ҷаҳон дар Чин дар маҷмӯъ тавонист ду нишони тило, ду нуқра ва як бронз касб кунад.

Рақобатҳои тирукамони қаҳрамонии маълулони ҷаҳон бо ҳузури 245 камондор аз 40 кишвар, аз 13 –уми сентябр дар Пекини Чин оғоз шуд ва имрӯз (якшанбе) поён хоҳад ёфт.