Сентябр 17, 2017 17:22 Asia/Dushanbe
  • Cафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ню-Йорк. Чолишҳо ва интизорот

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури ширкат дар 72-юмин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Теҳронро ба мақсади Ню-Йорк тарк кард. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон қарор аст, рӯзи чаҳоршанбе дар Маҷмаи умумии СММ суханронӣ кунад.

Ин сафар дар шароите аст, ки чолиши зиёде дар сатҳи минтақаию байналмилалӣ вуҷуд дорад ва рафъи ҳар яке аз онҳо ниёзманди кумаку иродаи дастаҷамъӣ аст. Минтақаи ғарби Осиё акнун дар ҳоли убур аз чолише аст, ки бо мудохилоти бархе қудратҳои ҷаҳонӣ ба минтақа таҳмил шудааст. Натиҷаи ин мудохилот рушду густариши хушунату терроризм ва ишғолгарӣ будааст. Акнун миллатҳои минтақа бо оворагӣ ва марги ҳазорон инсони бегуноҳ, аз ҷумла дар Афғонистон, Ироқу Сурия, Яман ва Фаластин баҳои сангини ин мудохилоту ҷангафрӯзиҳоро мепардозанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷлосҳои пешини Маҷмаи умумии СММ тарҳи ҷаҳони орӣ аз хушунату ҷангро ироа кард, ки бо истиқбол мувоҷеҳ шуд ва ба тасвиб расид. Акнун бисёре аз фурсатҳо дар ростои таҳаққуқи ин ҳадаф аз даст рафтааст. Ин дар ҳоле аст, ки минтақа ҳамчунон нигарони моҷароҷӯиҳо ва мудохилоти Амрикост; мудохилоте, ки бо эҷоди эътилофҳои ҷангофарин бо бархе кишварҳои минтақа, аз ҷумла Арабистон ҳамроҳ шудааст. Мутаассифона, кишварҳои қудратманд бо истифода аз шеваҳои мухталифи саркӯбу мудохилоти низомӣ бо баҳонаи таъмини амният ҷаҳонро ноамн сохтаанд ва ба ноамнӣ доман мезананд. Қудратҳои ҷаҳонии муддаии назми байналмилалӣ агар хоҳони тавсеа ва амнияти минтақа ҳастанд, бояд равобити худро бар асоси эҳтироми мутақобил ва масъулиятпазирӣ дар қиболи миллатҳои минтақа танзим кунанд.

Дар арсаи равобити байналмилалӣ низ чолишҳои зиёде ба чашм мехӯрад, ки баёнгари зиёдахоҳиҳои Амрикоянд. Яке аз намунаҳои ин ҷараён коршиканиҳои Амрико алайҳи Эрон баъд аз БАРҶОМ аст, дар ҳоле ки иродаи Эрон ва ҷомеаи байналмилал истифода аз фазои муносиби ба вуҷудомадаи баъд аз БАРҶОМ барои тавсеаи равобит аст. Ҳамкорӣ бо Эрон дар ҳавзаи муносиботи иқтисодию таомулоти минтақаӣ барои муқобила бо терроризм ба нафъи ҳамаи кишварҳост. Аз сӯйи дигар рӯйкарди усулии ҷумҳурии исломӣ мушорикати созанда бо ҳамсоягон барои таҳаққуқи назми пойдори мубтанӣ бар амнияти дастаҷамъӣ ва ҳимоят аз тавсеаи кишварҳои минтақа аст. Аммо Амрико талош мекунад, фазои пас аз БАРҶОМ-ро хадшадор карда, бар сари роҳи муносиботи иқтисодию сиёсии Эрон монеа эҷод кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки таҷрибаи гуфтугӯи миёни Эрон ва кишварҳои 5+1 ва дастёбӣ ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак намунаи муваффақ аз сиёсати эътидолу таомули созанда ва рӯй овардан ба гуфтугӯст. Ба ибораи дигар БАРҶОМ фақат як тавофуқи сиёсӣ нест, балки як рӯйкарди ҷадид ва равиши халлоқона барои ҳамкориҳои созанда ба манзури ҳалли мусолиматомези буҳрону чолишҳост.

Раисҷумҳури Эрон як сол пеш баҳонаҷӯии Амрико дар иҷрои тааҳҳудоти қонунияш дар БАРҶОМ-ро иштибоҳи роҳбурдӣ ва боиси беэътибории Амрико дар ҷаҳон дониста таъкид карда буд, ин иштибоҳ бояд фавран ҷуброн шавад, зеро ба унвони як тахаллуфи байналмилалӣ эътирози ҷомеаи ҷаҳониро бештар мекунад. Бадеҳист, ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷлоси имсолаи Маҷмаи умумии СММ низ бо таъкид бар ҳамин мавозеъ хоҳад буд.