Сентябр 18, 2017 19:52 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии теквондокори эронӣ бар ҳарифи тоҷикистонияш

Намояндаи теквондои вазни 54 килои Эрон бо ғалаба бар ҳарифи тоҷикистонии худ, ба аввалин тиллои Эрон дар бозиҳои дохили салони Осиё даст ёфт.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Маҳдии Исҳоқӣ дар финали бозиҳои дохили салони Осиё баробари Норматов аз Тоҷикистон қарор гирифт ва бо натиҷаи 23 бар 5 ҳарифи худро шикаст дод то аввалин медали тиллои теквондоро ба номи худ сабт кунад.

Вай дар ин мусобиқот ҳарифоне аз Туркманистон, Индонезия ва Ӯзбакистонро шикаст дода буд.

Панҷумин давраи бозиҳои дохили салон ва ҳунарҳои размии Осиё - 2017 бо ҳузури шаш ҳазор варзишкор дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон дар ҳоли баргузорӣ аст.

 

Барчасп