Сентябр 20, 2017 11:23 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон бадтарин тавофуқи таърихи Амрико аст

Раисиҷумҳури Амрико гуфт, тавофуқи ҳастаии гурӯҳи 5+1 бо Эрон бадтарин тавофуқе буда, ки Амрико токунун дар он ҳузур доштааст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар нахустин суханронии худ дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид, тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро мояи дардисар ва шармсорӣ барои Амрико эълом кард.

Трамп ҳамчунин бо тарҳи иттиҳомоти беасос муддаӣ шуд, Эрон аз пули нафт барои таъмини молии Ҳизбуллоҳи Лубнон истифода мекунад, ки арабҳо ва мусулмонони бегуноҳро ба қатл мерасонанд.

Вай гуфт, бояд бо Эрон, ки ба гуфтаи ӯ фақат хушунат ва ҳарҷу марҷ содир мекунад, муқобила кунем.

Раисиҷумҳури Амрико, ки худ аз мудофеони террористҳо аст, афзуд, имрӯз террористҳо ва ифротгароён, қудратманд шудаанд ва ба ҳама нуқоти ҷаҳон густариш ёфтаанд ва режимҳои ёғӣ, ки намояндагони онҳо дар Созмони Милал низ ҳузур доранд на фақат аз терроризм ҳимоят, балки кишварҳои дигар ва мардуми худро бо вайронгартарин таслиҳоте, ки башар мешиносад, таҳдид мекунанд.

Трамп ҳамчунин бо ишора ба узвияти 193 кишвар дар Созмони Милал гуфт, Амрико 22 дарсад аз буҷаи Созмони Милалро пардохт мекунад ва ин мавзӯ ноодилона аст.

Раисиҷумҳури Амрико, Кореяи Шимолиро масъули қаҳтӣ ва марги ношӣ аз қаҳтии миллионҳо нафар дар ин кишвар донист ва афзуд, агар Амрико дар маърази таҳдид қарор бигирад, ҳеҷ чорае нахоҳад дошт, магар онки Кореяи Шимолиро ба таври комил нобуд кунад.

Трамп ҳамчунин таъкид кард, Амрико таҳримҳои давлати Кубаро низ лағв нахоҳад кард, то ин ки ислоҳоти асосӣ дар ин кишвар сурат гирад.

72-умин нишасти солонаи Маҷмааи умумии Созмони Милал Муттаҳид, рӯзи сешанбе бо суханронии Дабири кулли ин созмон дар Ню-Йорк оғоз ба кор кард.

 

Барчасп