Зариф: Суханони вақеҳонаи Трамп арзиши посух надорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i23317-Зариф_Суханони_вақеҳонаи_Трамп_арзиши_посух_надорад
Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти ғайри дипломатии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар Маҷмааи умумии Созмони Милал, тасреҳ кард, суханони Трамп чунон сахиф (бешармона), шиорӣ ва бемӯҳтаво буд, ки арзиши посух надорад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 20, 2017 12:16 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Суханони вақеҳонаи Трамп арзиши посух надорад

Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти ғайри дипломатии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар Маҷмааи умумии Созмони Милал, тасреҳ кард, суханони Трамп чунон сахиф (бешармона), шиорӣ ва бемӯҳтаво буд, ки арзиши посух надорад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф таъкид кард, нодида ангоштани воқеиёти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сиёсати дохилӣ, хориҷӣ ва ҳамчунин мубориза бо терроризм, умқи беиттилоӣ, рафтор ва гуфтори авомфиребонаи Трампро нишон медиҳад.

Зариф тасреҳ кард, изҳороти сахифи Трамп дар канори воқеиёте ҳамчун ҳимояти давлати Амрико аз режими ҷинояткори саҳюнистӣ, режимҳои диктатории минтақа ва эҷоду тақвияти гурӯҳҳои террористӣ, ҳосиле ҷуз инзиво ва беэътибории ҳарчӣ бештари давлати Амрико назди ҷаҳониён нахоҳад дошт.

Трамп дар суханронии худ, дар 72-умин нишасти Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид, барои чандумин бор, «БАРҶОМ» -ро тавофуқи ваҳшатнок ва онро «мояи шармсорӣ барои Амрико» хонд ва Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард.