Дувумин маҳмулаи кӯмакҳои Эрон омодаи ирсол барои оворагони Руҳингиё
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i23329-Дувумин_маҳмулаи_кӯмакҳои_Эрон_омодаи_ирсол_барои_оворагони_Руҳингиё
Дувумин маҳмулаи кӯмакҳои башардӯстонаи ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Эрон барои оворагони мусалмони Миёнмор ба зудӣ ба Бангладеш ирсол мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 20, 2017 16:49 Asia/Dushanbe
  • Дувумин маҳмулаи кӯмакҳои Эрон омодаи ирсол барои оворагони Руҳингиё

Дувумин маҳмулаи кӯмакҳои башардӯстонаи ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Эрон барои оворагони мусалмони Миёнмор ба зудӣ ба Бангладеш ирсол мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Амирмуҳсини Зиёӣ, раиси ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар бораи ҷузъиёти кӯмакҳои башардӯстонаи Эрон гуфт, ин маҳмулаи 30 тоннаӣ шомили як тон дору ва таҷҳизоти пизишкӣ, 300 чодар, беш аз панҷ ҳазору 500 курпа (пату) ва 10 ҳазор адад кансерв аст.

 Вай афзуд, зарурӣ аст илова бар Эрон, кишварҳои исломӣ ва ғайриисломӣ барои ҳалли мушкилоти оворагони мусалмони Миёнмор талош кунанд.

Зиёӣ таъкид кард, “Ҳилоли Аҳмар”-и Эрон барои барпо кардани урдӯгоҳ ва ҳамчунин истиқрори дармонгоҳ бо кӯмаки Кумитаи байналмилалии “Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ” талош мекунад.

Раиси ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Эрон ҳамчунин гуфт, дар иртибот бо “Салиби Сурх”- Миёнмор ҳастем то кӯмакҳо илова бар дохили Бангладеш, дар хоки Миёнмор низ ба дасти оворагону мусалмонони миёнморӣ бирасад”.

Нахустин маҳмула аз кӯмакҳои башардӯстонаи Эрон рӯзи ҷумъа 15 –уми сентябри ҷорӣ шомили 40 тон маҳсулоти мухталиф барои имдодрасонӣ ба мусалмонони овораи Миёнмор вориди Бангладеш шуд.

Дар ҳамалоти артиш ва буддоиёни ифротии Миёнмор ба мусалмонони руҳингиёӣ дар устони Рохин дар ғарби ин кишвар, ки аз 25-уми август оғоз шудааст, ҳазорон нафар куштаву захмӣ ва ҳудуди 400 ҳазор нафар овора шудаанд.