Рӯҳонӣ: Суханронии Трамп ҷоҳилонаву зишт буд
(last modified Thu, 21 Sep 2017 05:01:27 GMT )
Сентябр 21, 2017 10:01 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид адабиёти раиси ҷумҳурии Амрикоро дар қиболи Эрон ҷоҳилона, зишт, кинатӯзона ва пур аз иттилооти ғалату иттиҳомоти бепояе хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии СММ гуфт, адабиёти ҷоҳилона, зишт, кинатӯзона ва пур аз иттилооти ғалату иттиҳомоти бепояи рӯзи сешанбеи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико алайҳи миллати Эрон дар Маҷмаи умумии СММ на танҳо дар шаъни ин созмон набуд, балки мухолиф бо хостаи имрӯзи ҳамаи миллатҳо аз ин иҷлос буд.

Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки Барҷом масири сулҳ аст, таъкид кард, Эрон нахустин кишваре нахоҳад буд, ки Барҷомро нақз мекунад, аммо дар рӯёрӯӣ бо нақзи он, дастбаста нест.

 Ҳасани Рӯҳонӣ ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар канори исломхоҳӣ ва адолатҷӯиро аз муҳимтарин хостаҳои мардуми Эрон баршумурду гуфт, рӯйкарди Ҷумҳурии исломии Эрон сулҳхоҳӣ ва ҳимоят аз ҳуқуқи миллатҳо аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон забони миллати Эронро забони такрим хонду гуфт: “Эрониён ҳамвора аҳли музокира будаанд, аммо аз мавзеи баробару эҳтироми мутақобил”.

Ҳасани Рӯҳонӣ афзуд, эрониён таҳдид намекунанд ва таҳдидро аз ҷониби ҳеч касу ҳеч қудрате намепазиранд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, намешавад мардуми Фаластин тавассути режиме шаруру нажодпараст аз камтарин ҳуқуқи инсонӣ маҳрум бошанду ғосибони ин сарзамин дар амният бошанд.

Рӯҳонӣ афзуд: “Намешавад мусалмонон дар Яман, Сурия, Ироқ, Баҳрайн, Афғонистон, Миёнмор ва манотиқи дигар дар фақру ҷангу даргирӣ зиндагӣ кунанду иддае гумон кунанд, ки метавонанд амнияту рифоҳу тавсеаи баландмуддат дар кишварҳои худ дошта ‌бошанд”.