Сентябр 23, 2017 15:46 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди як мақоми эронӣ бар афзоиши равобити иқтисодии Теҳрон - Маскав

Ройзани бозаргонии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия гуфт, барои густариши равобити иқтисодии Теҳрон - Маскав ниёзманди шинохти сохтори тиҷории Русия ва афзоиши ҳамкориҳои ду тараф ҳастем.

Фарҳоди Паранд дар нишасти муштараки Эрону Русия дар Машҳад афзуд, имрӯз бар асари низоъҳои минтақаӣ ва пешрафти иқтисодии ду кишвар ва низ идомаи танишҳо дар равобити Эрону Русия бо Ғарб ва густариши рӯзафзуни бозори масрафи Русия, тавсеаи равобит байни ду кишвар беш аз пеш эҳсос мешавад.

Ройзани бозаргонии Эрон дар Русия афзуд, Русия соли гузашта ҳудуди 285 миллиард доллар воридот доштааст, ки нишон медиҳад ин кишвар дорои як бозори бузургу масрафӣ аст.

Паранд гуфт, таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, таниш дар равобити Туркияву Русия ва мазиятҳои Эрон дар таъмини колоҳои мавриди ниёзи русҳо аз муҳимтарин масоиле аст, ки бояд дар тиҷорати байни ду кишвар дар назар гирифта шавад.

Ба гуфта Паранд ҳаҷми тиҷорати хориҷии Эрону Русия дар соли 2016, 182 миллион доллар будаву воридоти Эрон аз Русия дар ҳамин сол ба 1388 миллион доллар расидааст.

Вай мушкили умдаи Эрон дар тиҷорат бо Русияро арзишгузории колоҳои эронӣ дар он кишвар донист ва афзуд, ин мавзӯъ дар қолаби “каридори сабз” дар ҳоли пайгирӣ аст то мушкилоти он ҳал шавад.

Ройзани бозаргонии Эрон дар Русия бо ишора ба пойгоҳи бузурги Чин дар бозори Русия пешниҳод кард, Утоқи Эрон низ пайгири роҳандозии чунин механизме дар Маскав бошад.

Русия беш аз 147 миллион нафар ҷамъият дорад.

Аслитарин молу колоҳои содиротии ин кишвар нафт ва маводи маъданӣ ва бештарин воридоти ин кишвар марбут ба колоҳои санъатӣ аст.