Сентябр 25, 2017 12:30 Asia/Dushanbe
  • Эрон марзҳои ҳавоияшро бо минтақаи Курдистони Ироқ баст

Сухангӯи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон аз баста шудани марзҳои ҳавоии Эрон бо минтақаи Курдистони Ироқ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Кайвон Хусравӣ рӯзи якшанбе эълом кард, ба дархости давлати марказии Ироқ ва бар асоси тасмими Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, ҳамаи парвозҳои Эрон ба мақсади фурудгоҳҳои Сулаймония ва Эрбил ва ҳамчунин убури ҳавопаймоҳои минтақаи Курдистони Ироқ аз осмони Эрон мутаваққиф шуд.

Сухангӯи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, тасмимҳои аҷулонаи бархе масъулони минтақаи Курдистони Ироқ қудрати бозигарӣ ва гуфтугӯи созандаи курдҳоро дар ҳокимияти Ироқ коҳиш медиҳад ва амнияти мардуми курди Ироқ ва минтақаро низ бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.

Имрӯз -душанбе ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ бо вуҷуди мухолифатҳои дохилӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ оғоз шуд.