Раҳбари инқилоб: Худо шаҳид Ҳуҷаҷиро азиз кардааст
(last modified Wed, 27 Sep 2017 10:47:44 GMT )
Сентябр 27, 2017 15:47 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Худо шаҳид Ҳуҷаҷиро азиз кардааст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, ихлос, нияти пок, ҳаракати ба мавқеъ ва ниёзи ҷомеа ба ин гуна шаҳодат сабаб шудааст, ки Худои мутаол шаҳид Ҳуҷаҷиро дар чашми ҳама азиз карда бошад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ саҳаргоҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар масҷиди Имом Ҳусайн (а)-и Теҳрон дар канори пайкари мутаҳҳари шаҳид Муҳсини Ҳуҷаҷӣ, аз мудофеони ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) дар Сурия гуфтанд: "Ҳамаи шуҳадо пеши Худои мутаол азиз ҳастанд, аммо як хусусияте дар ин ҷавон вуҷуд доштааст, ки Худои мутаол номи ин шаҳидро баландмартаба кард".

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: “Бубинед, ба хотири шаҳодати ин ҷавон чӣ ғавғое дар Эрон роҳ афтодааст”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин барои хонаводаи шаҳид Ҳуҷаҷӣ аҷру сабр масъалат карданд.

Пайкари мутаҳҳари шаҳид Муҳсини Ҳуҷаҷӣ имрӯз (чаҳоршанбе) бар дӯши ҳазорон нафар аз мардуми Теҳрон ҳамроҳӣ карда шуд.

 Муҳсини Ҳуҷаҷӣ, аз мудофеони ҳарам 9-уми августи соли 2017 пас аз асорат ба дасти афроди гурӯҳи террористии ДИИШ дар марзи Сурия ва Ироқ ба шаҳодат расид.