Ноҳияи Турбати Ҷоми Эрон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии Тоҷикистон хоҳархонда мешаванд
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Алиризо Қиёматӣ- дабири ҳамоиши байналмилалии Абдураҳмони Ҷомӣ, гуфт, дар поёни ин ҳамоиш дар Турбати Ҷом, хоҳархондагии ин ноҳия бо ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии Тоҷикистон эълом хоҳад шуд.
Қиёматӣ бо ишора ба маҳбубияти фаровони Абдураҳмони Ҷомӣ дар Тоҷикистон афзуд, ин маҳбубият дар тарози маҳбӯбияти Ҳофиз, Мавлавӣ ва ҳатто болотар аз онҳо аст.
Вай гуфт, хоҳархондагии ин ду ноҳия дар равобити ду кишвар ва пайвандҳои фарҳангӣ бисёр муассир хоҳад буд ва ба тавсеъаи фарҳангӣ кумаки шоёне хоҳад кард.
Ҳамоиши байналмилалии Нуриддин Абдураҳмон бин Аҳмад бин Муҳаммад маъруф ба Ҷомӣ, 17 ва 18-уми август дар Донишгоҳи озоди Турбати Ҷом бо ҳузури чеҳраҳои ҷаҳонӣ ва кишварӣ баргузор хоҳад шуд.
Турбати Ҷом аз ноҳияиҳои устони Хуросони Разавӣ, дар шимолу шарқи Эрон аст ва 300 ҳазор нафар ҷамъият дорад.