Ҳушдори Зариф дар бораи нобудии БАРҶОМ ба дасти Амрико
Сентябр 30, 2017 18:05 Asia/Dushanbe
Мавозеи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар қиболи тавофуқи ҳастаӣ нишон аз он дорад, ки Трамп бо вуҷуди ҳимоятҳои кишварҳои аврупоӣ аз БАРҶОМ ва ҳатто бархе масъулони амрикоӣ аз он, пойбандии Эронро ба БАРҶОМ таъйид нахоҳад кард. Ин нишона то ҳадде ошкор шуда, ки Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон аз тарафҳои аврупоӣ хоста, ки дар сурати хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ, мустақил аз ин кишвар амал кунанд ва Амрикоро нодида бигиранд.