Рӯзи Ошӯро. Эрони исломӣ - ғарқ дар мотаму азои Абоабдуллоҳ ал-Ҳусейн
(last modified Sun, 01 Oct 2017 11:52:16 GMT )
Октябр 01, 2017 16:52 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи Ошӯро. Эрони исломӣ - ғарқ дар мотаму азои Абоабдуллоҳ ал-Ҳусейн

Ҳамзамон бо фаро расидани Ошӯрои ҳусайнӣ саросари Эрони исломӣ дар азои сарвару солори шаҳидони ҳазрати Абоабдуллоҳ ал-Ҳусейн якпорча ғарқ дар ғаму андуҳ аст.

Имрӯз, якшанбе, даҳумин рӯзи моҳи муҳаррам-ал-ҳаром солрӯзи шаҳодати солори шаҳидон, ҳазрати Ҳусейн, набераи поки Паёмбари гиромии Ислом (с) аст. Рӯзи Ошӯро ба маънои қиёми ростини Имом Ҳусейн аст, ки дар соли 61-и ҳиҷрии қамарӣ ба вуқӯъ пайвасту Абоабдуллоҳ ал-Ҳусейн ва 72 ёри вафодораш ба шаҳодат расиданд. Мардуми азодори Эрони исломӣ имрӯз ҳамзамон бо Ошӯрои ҳусайнӣ бо ҳузур дар масоҷид, ҳусайнияҳо бо ташкили дастаҳои синазанию занҷирзанӣ ба навҳахонӣ пардохта, дар азо ва мотами сарвару солори шаҳидону ёрони бовафои эшон ашки мотам мерезанд.

Ҳадафи қиёми Имом Ҳусейн эҳёи дин буд. Аз ин рӯ, ин айём зиёрати Ошӯро хонда мешавад ва ба ёди Ошӯрои соли 61-и ҳиҷрии қамарӣ, ки Имом Ҳусейн намози зуҳрро ба ҷамоат барпо дошт, намози зуҳри Ошӯро ба ҷамоат хонда мешавад.