Октябр 04, 2017 13:43 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии таърихии вушуи Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ

Тими миллии вушу (ушу)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон барои нахустин бор унвони нахусти рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард ва ба султаи тӯлонимуддати чиниҳо дар ин ришта поён дод.

Ба гузориши ИРНА, чаҳордаҳумин давраи рақобатҳои вушу (ушу-варзиши размӣ)-и қаҳрамонии бузургсолони ҷаҳон, ки аз рӯзи ҷумъа ба мизбонии шаҳри Қазони Русия оғоз шуда буд, сешанбешаб бо қаҳрамонии Эрон дар бахши “сондо” ба поён расид.

 Дар ин рақобатҳо сондокорони Тими миллии вушуи Эрон бо касби ҳафт медали тилло ва як нуқра бар сакуи қаҳрамонӣ истоданд. Чин бо ҳафт тилло ба ноибқаҳрамонӣ расид ва Русия бо 2 тилло, як нуқра ва 2 бронз савум шуд.

Дар сездаҳ давраи гузаштаи ин мусобиқот тими Чин дар бахши “сондо” қаҳрамони берақиби ин ришта буд.

Дар бахши “сондо” барои тими Эрон Илоҳа Мансуриён, Шаҳрбону Мансуриён, Марями Ҳошимӣ, Муҳсини Муҳаммадсафӣ, Юсуф Сабрӣ, Муини Тақавӣ ва Мелоди Орифӣ медали тилло касб карданд ва Ҳамидризо Қулипур нуқра гирифт.

 Ҳамчунин дар маҷмӯъ дар ду бахши “толу” ва “сондо” низ тими Эрон бо ҳашт нишони тилло, як нуқра ва ду бронз ва як зина боло рафтан нисбат ба давраи гузашта, дар ҷойгоҳи дувум истод.

Чин бо 15 тилло қаҳрамон шуд ва Гонконг бо 5 тилло, 3 нуқра ва 3 бронз бар сакуи савум истод.

 

Барчасп