Октябр 04, 2017 17:43 Asia/Dushanbe
  • Имзои ду тафоҳумномаи ҳамкории нафтӣ байни Эрон ва Русия

Ширкати миллии нафти Эрон ва ширкати нафтии Лукойли Русия, ду ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар Маскав имзо карданд.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, ин тафоҳумномаи ҳамкории нафтӣ дар ҳузури Бежани Номдори Зангина, вазири нафти Эрон ва Вагит Алекперов, мудиромили ширкати нафтии Лукойли Русия дар Маскав имзо шуд .

Пеш аз имзои ин тафоҳумномаи нафтӣ, Зангина бо Вагит Алекперов дидор ва бар аҳаммияти ҳамкориҳои нафтии ду кишвар, баргузории нишасти газӣ дар Маскав ва тақвияти ҳамкориҳо таъкид кард .

Вазири нафти Эрон рӯзи сешанбе барои ширкат дар нишасти вазирони Маҷмаи кишварҳои содиркунандаи гази (GECF), ки имрӯз баргузор мешавад, ба Маскав сафар карда буд .

Маҷмаи кишварҳои содиркунандаи газ муташаккил аз 12 узв шомили Эрон, Алҷазоир, Боливия, Миср, Гвинеяи экваторӣ, Либия, Нигерия, Қатар, Русия, Тринидад ва Тобаго, Венесуэла ва Иморот аст .

Ҳоланд, Норвегия, Ироқ, Уммон, Перу ва ҷумҳурии Озарбойҷон низ аз аъзои нозири Маҷмаи кишварҳои содиркунандаи газ ба шумор мераванд .

 

Барчасп