Август 16, 2016 11:29 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Эрон ва Венесуэла дар Теҳрон

Вазири умури хориҷаи Эрон дар Теҳрон дар дидори ҳамтои венесуэлиаш бар рушду густариши ҳарчӣ бештари муносибот байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва кишварҳои Амрикои лотин, аз ҷумла Венесуэла таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, дар ин дидор Муҳаммадҷаводи Зариф бо ишора ба сафари ҳафтаи ояндаи худ ба Венесуэла ва бархе дигар аз кишварҳои Амрикои лотин тасреҳ кард, ин сафар, ки бо ҳузури як ҳайати баландпоя ва бузурги иқтисодӣ анҷом хоҳад шуд, нишонгари тавваҷуҳи амиқи Эрон ба тавсеаи ҳарчӣ бештари равобити ҳамаҷониба бо кишварҳои Амрикои лотин аст.

Вазири умури хориҷаи Эрони афзуд: "Заминаҳои ҳамкории Эрон ва Венесуэла бисёр густарда буда ва умедворем дар ин сафар бо тавваҷуҳ ба ҳузури намояндагоне аз бахшҳои бонкӣ ва энержӣ битавонем муносиботи густардатареро дар ҳавзаҳои бонкӣ ва энержӣ барқарор кунем".

Муҳаммадҷаводи Зариф ҳамчунин бо ишора ба мавзӯи интиқоли раёсати Ҷумбиши адами тааҳҳуд ба Венесуэла таъкид кард: "Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз муҳимтарин кишварҳои узви Ҷумбиши адами тааҳҳуд ва раёсати қаблии ин ҷумбиш, омодаи ҳар гуна кӯмак ба баргузории ҳарчӣ беҳтари иҷлоси сарони ин ҷумбиш дар Венесуэла аст".

Делси Родригес, вазири хориҷаи Венесуэла низ дар ин дидор хостори тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо шуд ва бо ишора ба нақшу аҳамияти Ҷумҳурии исломии Эрон, бар ройзании мақомҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва Венесуэла дар хусуси масоили мухталифи минтақаӣ ва байналмилалӣ таъкид кард.

Делси Родригес, вазири хориҷаи Венесуэла ба ҳамроҳи Делпиано, вазири нафти ин кишвар ба Ҷумҳурии исломии Эрон сафар кардааст.

 

Барчасп