Октябр 09, 2017 19:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Арманистон бар тавсеаи муносиботи дуҷониба дар тамомии заминаҳо

Муовини аввали раисҷумҳури исломии Эрон бо баёни инки Эрон ба дунболи тавсеаи равобити худ бо кишварҳои ҳамсоя аст, Арманистонро дорои ҷойгоҳе бисёр муҳим дар сиёсати хориҷии Эрон донист.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ имрӯз дар нишасти хабарии муштарак бо Карен Карапетян, нахуствазири Арманистон дар Теҳрон гуфт: Эрон ҳеч сақф ва маҳдудияте барои ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ бо Арманистон надорад .

Вай сафари нахуствазири Арманистон ба Теҳронро фурсати хубе барои тавсеаи равобити ду кишвар донисту хотирнишон кард: Арманистон узви Иттиҳоди Авруосиё аст ва равобити хубе бо Иттиҳоди Аврупо ҳам дорад, ки Эрон метавонад аз ин зарфият истифода кунад .

Ҷаҳонгирӣ бо баёни инки Эрону Арманистон метавонанд дар заминаҳои ҳамлу нақл, энержӣ, барқу газ, кишоварзӣ ва мавзуоти илмӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ дошта бошанд, тасреҳ кард: Арманистон яке аз меҳварҳоест, ки метавонад байни Халиҷи Форс ва дарёи сиёҳ иртибот барқарор кунад ва минтақаи озоди Арас дар шимоли ғарби Эрон низ фурсати хубе барои мушорикати бахши хусусии ду кишвар аст.  

Карен Карапетян, нахуствазири Арманистон ҳам дар ин нишасти хабарӣ бо таъкид бар афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрону Арманистон тасреҳ кард: Кишвараш алоқаманди вуруди ширкатҳои эронӣ ба бозори Арманистон барои тавсеаи муносиботи тиҷорӣ аст .

Нахуствазири Арманистон ба ҳамроҳи ҳайъати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ, барои дидор бо мақомҳои ҷумҳурии исломии Эрон субҳи душанбе вориди Теҳрон шуд.

 

Барчасп