Октябр 10, 2017 17:46 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқаи дӯстонаи тимҳои миллии футболи Русия ва Эрон дар Қазон

Ду тими миллии футболи Эрону Русия рӯзи сешанбе, 10 октябр дар як бозии дӯстона дар варзишгоҳи шаҳри Қазон ба мусобиқа хоҳанд пардохт. Ин мусобиқа соати 19, ба вақти Маскав  (19:30, ба вақти Теҳрон) баргузор мешавад.

Русия мизбони Ҷоми ҷаҳонӣ-2018 аст ва тими Эрон низ яке аз нахустин тимҳои роҳёфта ба ин мусобиқот аст. Тими миллии футболи Эрон дар марҳилаи муқаддамотӣ бидуни ҳеҷ бохт ба Ҷоми ҷаҳонӣ-2018-и Русия роҳ ёфт.

Дар раддабандии Федератсияи ҷаҳонии футбол Эрон дар ҷойгоҳи бисту панҷум аст ва Русия дар рутбаи 64 қарор дорад.