Нобудии як тими террористӣ ва ҳалокати афроди муассири ДИИШ дар ғарби Эрон
(last modified Tue, 16 Aug 2016 09:20:16 GMT )
Август 16, 2016 14:20 Asia/Dushanbe
  • Нобудии як тими террористӣ ва ҳалокати афроди муассири ДИИШ дар ғарби Эрон

Як тими террористии вобаста ба гурӯҳаки такфирии ДИИШ дар устони Кирмоншоҳ, дар ғарби Эрон нобуд шуд.

Ба гузориши ИРНА, устондори Кирмоншоҳ гуфт, ин гурӯҳи такфирӣ барои анҷоми амалиёт ва куштори мардуми бегуноҳ дар нуқоти мухталиф ва шаҳрҳои марказии кишвар, вориди марзҳои Эрон шуда буд ва дирӯзу имрӯз дар амалиёти зиддитеррористии маъмурони иттилоотӣ ва интизомӣ нобуд карда шуд.

Устондори Кирмоншоҳ гуфт, аз хонаи ин гурӯҳ анвои силоҳҳои низомӣ ва инфиҷорие монанди либос ва камарбандҳои интиҳорӣ, норинҷак ва анвои силоҳи худкор ва камарӣ кашф шудааст.

Ба гуфтаи Розонӣ, дар даргирии дигаре, ки душанбешаб дар яке аз шаҳрҳои ғарбии ин устон байни нерӯҳои иттилоотӣ, амниятӣ ва интизомии устон бо бахши дуввуми ҳамин тими террористӣ рух дод, яке аз афроди муассири гурӯҳи такфирии ДИИШ ба ҳалокат расид ва теъдоде ҳам дастгир шуданд.

Устони Кирмоншоҳ дар ғарби Эрон дар марзи ин кишвар бо Ироқ воқеъ шудааст.