Октябр 12, 2017 21:47 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футзали Тоҷикистон вориди Эрон шуд

Асри рӯзи панҷшанбе, тими миллии футзали Тоҷикистон вориди шаҳри Машҳади Эрон шуд.

Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон, аъзои тими миллии футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти марҳалаи муқаддамотии рақобатҳои футзали Ҷоми миллатҳои Осиё 2018 ба мизбонии шаҳри Табрез, ба Эрон сафар кардаанд .

Рақобатҳои футзали муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё дар минтақаи ҷануб ва маркази ин қорра, аз сездаҳум то бисту дуввуми октябр дар шаҳри Табрез, дар шимоли ғарби Эрон баргузор мешавад .

Тими миллии футзали Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа Машҳадро ба мақсади Табрез тарк мекунад .

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти муқаддамотии рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё, бо тимҳои ҷумҳурии исломии Эрон ва Афғонистон ҳамгурӯҳ аст .