Октябр 15, 2017 18:01 Asia/Dushanbe
  • Сафири Дания дар Эрон: Иттиҳоди Аврупо ба хостаҳои номашруи Амрико тан намедиҳад

Сафири Дания дар Эрон бо интиқод аз мавозеи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) таъкид кард: Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ба хостаҳои номашруи Амрико тан намедиҳанд.

Денни Аннан, сафири Дания дар Эрон дар дидори Фаридуни Ҳимматӣ, устондори Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон гуфт: Давлати Дания аз ҳифзи БАРҶОМ ҳимоят мекунад .

Аннан ҳамчунин бо ишора ба зарфиятҳои иқтисодии Эрону Дания афзуд: Ширкатҳои тавлидӣ ва санъатии Дания, омодаи сармоягузорӣ дар ҳавзаҳои каштисозӣ ва обзипарварӣ дар Ҳурмузгон ҳастанд .

Сафири Дания дар Эрон бо ишора ба таомули ҳайъатҳо ва аъзои утоқи бозаргонии ду кишвар, аз сафари вазири санъат ва кишоварзии Дания ба Эрон то як моҳи оянда хабар дод .

Фаридуни Ҳимматӣ, устондори Ҳурмузгон ҳам дар ин дидор изҳор кард: Заминаҳои ҳамкории муносибе дар ҳавзаҳои сайду сайёдӣ ва гардишгарии дарёӣ бо Дания вуҷуд дорад .

Денни Аннан, сафири Дания дар Эрон дар сафари якрӯза ба Ҳурмузгон, аз саноеи каштисозии Фаросоҳил дар Бандараббос ҳам боздид кард .

 

Барчасп