Октябр 15, 2017 20:06 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Узбакистон фардо ба Теҳрон сафар мекунад

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон фардо душанбе 16 октябр дар раъси як ҳайъати сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Теҳрон сафар хоҳад кард.

Бар асоси гузориши бахши матбуотии Вазорати умури хориҷаи Узбакистон, Комилов  дар ин сафар бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳур, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа ва мақомоти дигари кишвар дидор хоҳад кард .

Ҳайъати Узбакистон ҳамчунин дар нишасти иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистон ва Эрон ширкат ва бо ҳамкорони худ дар ин замина дидору гуфтугӯ хоҳанд кард .

Ҷумҳурии исломии Эрон истиқлоли Узбакистонро дар торихи 25 декабри соли 1991 ба расмият шинохта ва дар торихи 10 майи соли 1992 байни ин ду кишвар равобити сиёсӣ барқарор шудааст .