Ироқчӣ: Ҳануз ҳеҷ тасмиме барои оғози дубораи музокира бо Амрико нагирифтаем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125404-Ироқчӣ_Ҳануз_ҳеҷ_тасмиме_барои_оғози_дубораи_музокира_бо_Амрико_нагирифтаем
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард, Эрон ҳануз тасимиме барои шурӯи муҷаддади музокира бо тарафи амрикоӣ нагирифтааст.
(last modified 2026-08-15T08:12:54+00:00 )
Август 15, 2026 13:01 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Ҳануз ҳеҷ тасмиме барои оғози дубораи музокира бо Амрико нагирифтаем

Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард, Эрон ҳануз тасимиме барои шурӯи муҷаддади музокира бо тарафи амрикоӣ нагирифтааст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақли аз хабаргузории Тасним, Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умӯри хориҷаи Эрон дар изҳороте дар хусӯси охирин вазъияти тафоҳумномаи оташбас (Исломобод) гуфт: Дар ёддошти тафоҳуми Исломобод, «хотимаи ҷанг» эълом шуда ва ҳеҷ оташбасе вуҷӯд надорад, ки бихоҳад тамдид шавад; чизе, ки матраҳ шуда буд, 60 рӯз фурсати музокира барои тавофуқи ниҳоӣ буд, ки Амрико онро нақз кард ва даргириҳо аз сар гирифта шуд.

Вай идома дод, Қатару Покистон ба унвони восита фақат паёмҳоеро раду бадал мекунанд ва дар тамос ҳастанд, аммо ин ба маънои музокира нест; мо ҳануз тасмиме барои шурӯи муҷаддади музокира бо Амрико нагирифтаем.

Ироқчӣ тасреҳ кард, музокироти Эрон бо Уммон як баҳси комилан ҷудогона ва фаннӣ барои таъйини хутути дарёи тангаи Ҳурмуз ва тараддуди киштиҳост; масирҳои қаблии дигар короӣ надоранд ва дар ҳоли тарроҳии як масир муваққат ҳастем, ки баъдан ба масири ниҳоӣ табдил шавад.

Вазири умури хориҷаи Эрон хотирнишон кард, музокираи фаннӣ бо Уммон бо бозгушоии тангаи Ҳурмуз ду бахш ҷудогона аст; ҳатто пас аз таъйини масир, бозгушоии танга манӯт ба таҳаққуқи шароити дигаре аст, ки Амрико бояд ба онҳо пойбанд бошад.