Октябр 17, 2017 16:41 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Узбакистон бар густариши ҳамкориҳо

Вазирони умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ва Узбакистон дар Теҳрон бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва ҳамтои узбакаш Абдулазиз Комилов имрӯз дар Теҳрон дидор ва дар бораи афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд .

Мубориза бо терроризму ифротгароӣ, осониҳои консулӣ, баргузории Комиссияи муштараки иқтисодӣ, роҳандозии хати парвозии мустақим, транзити сеҷониба ва чаҳорҷониба ва ҳамкорӣ дар заминаҳои нафту газ, фаннӣ-муҳандисӣ, гардишгарӣ, кишоварзӣ ва мошинсозӣ аз ҷумлаи мавзуъҳои муҳиме буд, ки дар дидори Зариф ва Комилов дар бораи он гуфтугӯ шуд .

Таҳаввулоти минтақа аз ҷумла дар Афғонистон, Ироқ ва Сурия низ аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи вазирони хориҷаи Эрону Узбакистон буд .

Зариф ва Комилов ҳамчунин санади барномаи ҳамкории байни вазоратхонаҳои хориҷаи Эрону Узбакистонро имзо карданд .

Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Узбакистон дар садри ҳайъате барои дидору гуфтугӯ бо мақомҳои ҷумҳурии исломии Эрон ба Теҳрон сафар кардааст .

 

Барчасп