Октябр 17, 2017 22:25 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқа бо тими шашуми ҷаҳон, бозии тадорукотии судманд барои футзали Тоҷикистон

Бозии ташрифотии тимҳои миллии футзали Эрону Тоҷикистонро тими Эрон бо натиҷае пургул ба суди худ ба поён бурд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии футзали Тоҷикистон агарчи шомгоҳи сешанбе бо натиҷаи 12 бар 2 ба тими миллии футзали Эрон бохт, аммо ин бозӣ як рақобати тадорукотии бисёр хуб барои ин тими ҷавон буд, зеро тими миллии футзали Эрон дар ҷойгоҳи шашуми ҷаҳон ва нахусти Осиё қарор дорад .

Тими миллии футзали Тоҷикистон дишаб баробари Афғонистон бо натиҷаи 4 бар 3 ба пирӯзӣ расида ва ҳамроҳ бо Эрон сууди худро ба марҳалаи ниҳоии ин мусобиқот, ки чаҳор моҳи дигар дар Чину Тайипӣ баргузор мешавад, қатъӣ карда буд .

Бо таваҷҷуҳ ба бурди футзали Эрону Тоҷикистон дар баробари Афғонистон, бозии имшаби ду тим ташрифотӣ буд .