Октябр 18, 2017 21:10 Asia/Dushanbe
  • Муҳаққиқи эронӣ барандаи медали ифтихори Ожонсии байналмилалии таҳқиқоти саратон

Муовини таҳқиқоти вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, барандаи медали ифтихори Ожонсии байналмилалии таҳқиқоти саратон шуд.

Ба нақл аз Ирно, доктор Ризо Маликзода, устоди мумтози Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон ва раиси пажуҳишкадаи гуворишу ҷигар, ба иллати фаъолият дар ҳавзаи таҳқиқоти саратон (бавижа дар ҳавзаи саратонҳои гуворишӣ) ва эҷоди зарфияти таҳқиқот дар ҳавзаи саратон дар Эрон, медали ифтихори Ожонсии байналмилалии таҳқиқоти саратон (IARC)-ро дарёфт мекунад .

Аз натоиҷи муҳими мутолиаи доктор Маликзода, исботи таъсири нушидани чойи доғ дар ибтило ба саратони мерӣ ва низ саратонзоии афюн буда, ки ҳар дуи ин мутолиот ба сабти ҷаҳонӣ расидааст .

Кристофер Уайлд, раиси Ожонсии байналмилалии таҳқиқоти саратон (IARC) дар номае аз доктор Ризо Маликзода даъват кардааст, авоили соли оянда бо ҳузур дар мақарри ожонс дар Фаронса, медали ифтихорашро дарёфт кунад .

 

Барчасп