Оғоз ба кори радиои тасвирии Зиёрат дар Машҳад
(last modified Thu, 19 Oct 2017 15:42:37 GMT )
Октябр 19, 2017 20:42 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори радиои тасвирии Зиёрат дар Машҳад

Радиои тасвирии Зиёрат ба сурати озмоишӣ имрӯз дар садо ва симои маркази Хуросони Разавӣ роҳандозӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар маросими роҳандозии ин радио, ки васии Остони Қудси Разавӣ, устондор ва масъулони расонаи миллӣ ҳузур доштанд, васии Остони Қудси Разавӣ бо ишора ба аҳаммияти нашри маорифи Разавӣ ва иштиёқ ва дилдодагии зоирони ҳазрати Ризо (а) гуфт: Имрӯза нақши зиёрат дар тамомии завоёи зиндагии инсон, дағдағаи душманони дину инсон шудааст .

Image Caption

Оятуллоҳ Саид Иброҳими Раисӣ ибрози умедворӣ кард: Масъулони расонаи миллӣ дар ояндаи наздик, нисбат ба роҳандозии симои зиёрат иҳтимоми вижае дошта бошанд.

Устондори Хуросони Разавӣ ҳам дар суханоне бо ташреҳи рисолати сангини тарвиҷи арзишҳои Разавӣ афзуд: Тарвиҷи маорифе мубтанӣ бар дидгоҳи имоми ҳаштум (а), ки ҷомеъ ва бар пояи мабонии ақлонӣ ва илмӣ аст, дар дунёи имрӯз, ки чеҳрае ғайривоқеӣ аз ислом таблиғ мешавад, иқдоме шоиста ва муҳим аст .

Алиризо Рашидиён гуфт: Радиои тасвирии Зиёрат дар воқеъ садои фарҳанги Разавӣ аст ва умедворем, ин радио ба шабакаи телевизионии Зиёрат табдил шавад .

Image Caption

Мудири кулли садо ва симои Хуросони Разавӣ низ дар ин маросим гуфт: Радиои тасвирии Зиёрат, радиое мустақил аст ва дар 24 соат пахши барномаҳо, иртибот бо қутбҳои маънавӣ дар кишвар гунҷонда шудааст .

Муҳсини Насрпур гуфт: Қарор аст, дар канори барномаҳое бо меҳварияти одоби зиёрат, ба манзури танаввуъ ва ҷазби ҷомеаи нухбагон, заминаҳои ҳунарӣ ва суннатии устон аз ҷумла хушнависӣ, кошикориҳои ҳарами мутаҳҳари Разавӣ, ҳунарҳои дастӣ, конунҳои гардишгарӣ, иттилооти ҷавии устон, муъзалот ва рафъи мушкилоти марбут ба искон ва рифоҳи зоирон, амокини хидматрасон ва умури беҳдоштии зоирон дар ин радио мунъакис ва дар бораи он барномасозӣ шавад.

Image Caption