Октябр 20, 2017 17:31 Asia/Dushanbe
  • Свопи дуҷонибаи риёли Эрон ва лираи Туркия ниҳоӣ шуд

Раисони кулли бонкҳои марказии Эрону Туркия амалӣ шудани мувофиқатномаи ду кишвар дар бораи свопи дуҷонибаи риёли Эрон ва лираи Туркияро ба таврӣ расмӣ эълом карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Мурод Четинкая, раиси кулли Бонки марказии Туркия рӯзи гузашта дар идомаи музокироти дуҷонибаи худ санади ниҳоии свопи дуҷонибаи риёли Эрон ва лираи Туркияро имзо карданд. Бар асоси ин мувофиқатнома, риёли Эрон ва лираи Туркия ба роҳатӣ қобилияти табдил ба якдигарро хоҳанд дошт. Ин амр бо ҳадафи осон кардани тиҷорат бо истифода аз пули миллии Эрону Туркия барои таъмини молии тиҷорат ва сармоягузории мустақими ду кишвар анҷом шудааст. Ин мувофиқатнома ҳамчунин ҳазинаҳои табдилу нақл ва интиқоли пулҳои бозаргонони ҳарду кишварро коҳиш медиҳад.

Валиюллоҳи Сайф, раиси кулли Бонки марказии Эрон ҳамроҳ бо Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисҷумҳури Эрон шаби чаҳоршанбе ба Анкара сафар карда буданд.

“Своп” (қарордод муовизаӣ) дар луғат ба маънои муомилаи паёпаӣ (арз), муовиза кардан, мубодила кардан ва дар истилоҳ тавофуқи байни ду ширкат барои иваз кардани пули нақд дар оянда аст.

 

Барчасп