Октябр 21, 2017 10:56 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои ҷавоизи Созмони Милал ба донишомӯзони эронӣ

Ҳашт донишомӯзи эронӣ барандаи ҷавоизи Сулҳу Ҳамкории мадориси Созмони Милал шуданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин ҷавоиз дар Вена ба Ризо Наҷафӣ, намояндаи Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ эҳдо шуд.

Дар рақобати соли 2017-и Сулҳу Ҳамкории мадориси Созмони Милал бо унвони “Нигоҳ ба ситораҳо: ояндаи ҷаҳон” ҳашт донишомӯзи эронӣ барандаи ҷоиза ё дипломи ёдбуд шуда буданд.

Донишомӯзони эронӣ дар бахши “Наққошии озод” дар раддаи синнии зери ҳафт сол, “Пустеру шиор” дар раддаи синнии ҳафт то 12 сол ва “Кори ҷамъӣ” дар раддаи синнии 12 то 15 сол муваффақ ба касби ҷоизаву дипломи ифтихор шудаанд.

 

Барчасп