Октябр 22, 2017 14:31 Asia/Dushanbe
  • Мавозеи Доналд Трамп алайҳи БАРҶОМ - тахриби як санади байналмилалӣ

Аббоси Ироқчӣ, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷлоси халъи силоҳи ҳастаӣ дар Маскав бо интиқод аз бархӯрди Ҳукумати Амрико бо БАРҶОМ гуфт, тамоми суханону мавозеи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико алайҳи БАРҶОМ тахриби як санади байналмилалӣ аст.

Ироқчӣ бо зикри намунаҳое аз мавориди нақзу бадаҳдии Амрико дар БАРҶОМ тасреҳ кард, бар асоси бандҳои 26, 28 ва 29-и БАРҶОМ, Амрико мутааҳҳид шудааст, ин тавофуқро ҳамроҳ бо ҳусни нияту дар фазои созанда иҷро кунад ва аз ҳар амале, ки боиси хадшадор шудани манофеи Эрон аз рафъи таҳримҳо мешавад, худдорӣ кунад, аммо то кунун Вашингтон ба ин бандҳо амал накарда, тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ-ро анҷом намедиҳад ва рӯҳу матни ин тавофуқро дар мавориди мутааддиде нақз кардааст. Нақзи БАРҶОМ аз сӯйи Амрико иқдоме аст, ки ҷомеаи байналмилалро бо чолиш мувоҷеҳ месозад. Яке аз ин чолишҳо нобуд шудани асли тааҳҳудпазирӣ дар сатҳи байналмилалӣ аст, ки барои ҳамаи ҷаҳон ҳазина дорад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар сафҳаи шахсии худ дар “Твиттер” навишт: «Ҷангталабон иқрор мекунанд, бештар нигарон ҳастанд, ки мо (Эрон) ба БАРҶОМ пойбанд бошем, то ин ки нигарон бошанд, ки онро нақз кунем. Ҳеҷ тавҷеҳе наметавонад инро бипӯшонад. Амрико низ бояд дақиқан монанди мо талош кунад, ба тавофуқ пойбанд бошад». Аммо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар нахустин сафари минтақаии худ бо ҳадафи тахриби фазои мусбати баъд аз БАРҶОМ ба Арабистон рафта, бо ширкат дар конфронси Риёз талош кард, Эронро вориди бозии ҷадиде аз муноқишоти минтақаӣ кунад. Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико низ  рӯзи шанбе роҳии Арабистон шуд, то гомҳои тозае дар ин ҷиҳат бардорад.

Файёз Зоҳид, устоди донишгоҳ, нависанда ва рӯзноманигор, ки дар гуфтугӯ бо ИРНА сиёсати Ҳукумати Амрикоро нақд карда, мегӯяд: "...Амрико дар минтақаи Ховари Миёна роҳбурди дугонаеро дунбол мекунад. Аз як тараф Трамп дар зоҳир бо изҳороти носанҷида Аврупо ва кишварҳои минтақаро дучори навъе сардаргумӣ кардааст, чун мушаххас нест, домана ва ҳавзаи рафтору стратегияи Трамп чист ва оё имкони пешбинӣ дорад ё на. Дувум ин ки дар сояи ин сардаргумии сиёсӣ ба назар мерасад, гурӯҳи тундраве, ки дар Кохи Сафед ҷамъ шудаанд, ба дунболи эҷоди заминаҳое барои эҷоди як ҷанги минтақаӣ ва таъмини манофеи иқтисодии худ ва тазмини амнияти стратегии режими саҳюнистӣ аст".

Андешакадаи амрикоии “Вашингтон” дар гузорише дар робита ба таҳлили аҳдофи минтақаии Амрико менависад: "Роҳбурди тозаи Амрико дар робита ба Эрон бар тавоноии ин кишвар дар густариши нуфузи минтақаӣ, мусаллаҳ кардани шибҳинизомиёни шиа ва истиқрори мушовирони низомӣ дар хориҷ аз кишвар тамаркуз дорад". Амрико барои тахриби БАРҶОМ асли низоми ҷумҳурии исломиро ҳадаф қарор додааст ва саъй дорад, аз Эрон тасвири ғайрвоқеие тарсим кунад; тасвире, ки дар он тавони дифои мушакии Эрон таҳдиде барои амнияти минтақа талаққӣ гардад ва муқобила бо ДИИШ-у гурӯҳҳои террористӣ ва дифои Эрон аз ҳуқуқи миллати Фаластин дар баробари режими ишғолгари Қудс дахолат ва нуфуз дар минтақа муаррифӣ шавад.