Сафари Зариф ба Африқои Ҷанубӣ
(last modified Mon, 23 Oct 2017 11:28:26 GMT )
Октябр 23, 2017 16:28 Asia/Dushanbe

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар садри ҳайати олирутбаи сиёсиву иқтисодӣ барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Африқои Ҷанубӣ, ба Претория сафар кардааст.

Зариф пас аз Африқои Ҷанубӣ ба Уганда ва Нигерия сафар хоҳад кард то бо мақомоти ин кишварҳо низ дар хусуси масоили дуҷониба, таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кунад.

Ҳамзамон бо сафари Зариф ба Африқои Ҷанубӣ, сездаҳумин нишасти Камиссиюни муштараки иқтисодии ду кишвар баргузор ва Маҷмаи тиҷории ду кишвар низ бо ҳадафи баррасии мавзӯоти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ташкил хоҳад шуд.

Ин барномаҳо нишон медиҳад, ки ин сафар метавонад заминасози фасли тозае барои ҳамкориҳои иқтисодӣ бошад.

Соли гузашта Ҷейкоб Зума, раиси ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ аз Теҳрон дидор кард ва бо тавофуқоте, ки дар Теҳрон сурат гирифт, заминаҳои ҷадиде барои тақвияти ҳамкорӣ дар ҳавзаи равобити иқтисодӣ, гардишгарӣ ва энержӣ фароҳам шуд.

Сайид Меҳрдоди Сиёдатнасаб, ройзани бозаргонии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Африқои Ҷанубӣ ва коршиноси масоили қораи Африқо дар бораи аҳамияти ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар мегӯяд: “Африқои Ҷанубӣ бо доштани 2954 километр марзи муштараки обӣ бо уқёнусҳои Ҳинду Атлантика (Атлас) ба унвони як ҳастаи тиҷориву маркази содироти муҷаддад ва дарвозаи вуруд ба бахши бузурге аз бозорҳои Африқо, (аз ҷумла дастрасӣ ба 14 кишвари узви кишварҳои Ҷомеаи тавсеаи Африқои Ҷанубӣ бо ҷамъияте ҳудуди 300 миллион нафар аз тариқи ҳамлу нақли заминӣ ва рейлӣ) дорои мавқеияти ҷуғрофиёии мумтоз ва аз аҳамияти стратегии бисёр бархурдор мебошад ва дар ҳоли ҳозир 53 дарсади тиҷорати минтақаи Ҷомеаи тавсеаи ҷануби Африқо реша дар Африқои Ҷанубӣ дорад, ки нишон аз вобастагии кишварҳои минтақа ба бозору бандарҳо ва роҳҳову масирҳои ҳамлу нақлии Африқои Ҷанубӣ аст”.

Сафари Зариф ба Африқои Ҷанубӣ аммо аз ҷанбаи дигаре низ дорои аҳамият аст. Эрон ва Африқои Ҷанубӣ дар бисёре аз мавзӯоти байналмилалӣ ва минтақаӣ иштироки назар доранд.

Теҳрон ва Претория бо ҳамкории муштарак дар ҷомеаи байналмилалӣ метавонанд барои сулҳу суботи ҷаҳонӣ ва манофеи кишварҳои дар ҳоли тавсеа талошҳои арзишманде дошта бошанд. Африқои Ҷанубӣ ҳамчунин корномаи дурахшоне аз муборизае сахт ба раҳбарии Нилсон Мондела алайҳи нажодпарастӣ дорад ва ин ҷиҳат аз рӯҳияе инқилобӣ ва зиддинизоми султа бархурдор аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии исломӣ дар дидори соли гузаштаи Ҷейкоб Зума, раиси ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Теҳрон бо таъкид бар зарурати ҳамкории Эрон ва Африқо дар ҳамаи арсаҳо, аз ҷумла дар заминаи мубориза бо терроризм тасреҳ кард: “ .. Барои эҷоди сулҳу пойдории субот дар минтақа ниёз ба ҳамкориву ҳамдилии ҳамаи кишварҳо дорем”.

Ҳадафи Эрон дар нигоҳ ба Африқо кумак ба сулҳ, амният ва тавсеаи ҳамаҷониба аст. Ин рӯйкард, ки баёнгари набуди тамаъварзӣ нисбат ба кишварҳои африқоӣ аст, сабаби алоқамандӣ ва ҷазби бисёре аз кишварҳои ин қора ба Эрон шудааст.

Гуфтугӯҳои Зариф бо мақомҳои Африқои Ҷанубӣ дар Претория дар воқеъ нишонаи ин ҳамсӯӣ ва иродаи ду тараф барои оғози фасли ҷадиде дар равобит аст.